КҲФ: Дар як шабонарӯз 6 нафар ғарқ шуданд

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон аз ғарқ шудани шаш нафар дар як шабонарӯз хабар дод, ки 3 нафари онҳо кӯдакони то 10-сола, ду нафарашон 17-сола ва яке аз онҳо хонуми 60-сола буд.

Чунончӣ, 20 апрели соли 2024 тахминан соати 17:30 дақиқа як тифли дусола, сокини ноҳияи Шаҳритуси виляти Хатлон аз беназоративу бепарвоии волидон аз хона берун шуд ва нопадид гашт. Хешовандонаш ба ин назаранд, ки ин кӯдак шояд дар об канал уфтод ва ғарқ шуд.

Гурӯҳи навбатдорон аз Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фавран ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. То ин лаҳзаҳо ҷустуҷӯи тифл натиҷа надодааст. 

Ҳодисаи дуюм низ дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. 20 апрели соли равон як сокини 17-солаи  шаҳри Бохтар ҳамроҳ бо ҳамсинфонаш барои истироҳат ба соҳили дарёи Вахш рафт ва дар оби дарё ғарқ шуд.

Ин ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Зағертии ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант рух дод ва сабаби он риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар соҳили обҳо гуфта шудааст. 

Баъди дарёфти хабар дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса расида, ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот оғоз карданд. Ғаввосон ҷасади ҷавонро пайдо ва онро волидонаш супурданд. 

Ҳодисаи сеюм дар ҳудуди ноҳияи Рашт рух дод. Рӯзи 21-апрели соли 2024 як духтари 17-сола аз шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо сабабҳои номаълум худро аз сари пули Сари Пул ба дарёи Сурхоб сарозер кардааст.

Соати 15:40 дақиқа ғаввосони КҲФ дар гурӯҳи навоҳии Рашт 18 км дуртар аз ҷойи ҳодиса ҷасади духтарро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Ҳодисаи чорум рӯзи 21-уми апрели соли равон соати 14:21 дақиқа рух дод. Як сокини 6-солаи деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав бар асари бепарвоии волидон дар селроҳаи Долонсой афтода ғарқ шуд.

Баъди ҷустуҷӯҳо ҷасади ин духтари шашсола дар ҳудуди деҳаи Б.Тошови шаҳри Турсунзода пайдо ва ба кормандони милитсия супурда шуд.

Ҳодисаи панҷум дар ҳудуди шаҳри Турсунзода рух дод. 21 апрели соли 2024  соати 14:35 дақиқа як духтари даҳсола аз деҳаи Шулуми ҷамоати деҳоти Навобод аз беназоратии волидон ба селгузари Говмеш афтода ғарқ шудааст.

Ҷасади марҳум дар қаламрави деҳаи Шарқиёни ҷамоати деҳоти «10-солаги Истиқлолияти давлатӣ»-и шаҳри Турсунзода, дар рӯди Қаратоғ пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ва ниҳоят, як зани 60-сола, сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарёи Сир уфтодаву ғарқ шудааст.

Ҷасади ӯ соати 16:25 дақиқа пайдо ва ба кормнадони милитсия супурда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтиром аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Аз волидон хоҳиш карда мешавад, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

барчасп: