Корҳои имдодрасонии шабонарӯзи гузашта

Наҷотдиҳандагони КҲФ шабонарӯзи гузашта гурбаи дармонда дар қоши иморатро берун оварданд, сокинони дар лифти харобмондаро наҷот доданд ва дареро боз карданд, ки фарзанди ноболиғи соҳиби хона танҳо монда буд.

Соати 08:36 дақиқаи рӯзи 4 апрели соли равон як сокини кӯчаи ба номи Мирсаид Миршакар хоҳиш кард, ки барои аз қоши иморат берун кардани гурбааш, ки дар он дармондааст, кумак кунанд. 

Вай гуфт, ки худи ӯ талош крадааст, ки ба ин ҳайвони безабон ёрӣ расонад, вале аз дасташ коре барнаёмадаст. Зеро гурба метарсид ва намехост дасти одам ба вай наздик шавад. 

Имдодгарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе бо нардбон худро ба қоши иморат расонданд ва гурбаи тарсхӯрдаро беосеб ба даст гирифтанд ва ба соҳибаш супурданд.

Соати 11:05 дақиқа сокинони як бинои бисёрошёна дар кӯчаи Яккатути ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар доданд, ки беш аз як соат аст, ки ҳамсояи онҳо дар лифти харобшуда дармондааст ва имкони берун кардани ӯро пайдо накарданд. 

Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, диданд, ки лифт ба сабабҳои техникӣ миёни ду ошёна дармондааст. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд, ва шаҳрвандро аз он берун оварданд. 

Аз кӯчаи Шодмонӣ, бинои 53 соати 20:15 дақиқа як хонум занг зад ва гуфт, ки дари оҳании манзилаш баста шудаву наметавонад ба он ворид шавад. Дар хонаи фарзанди ноболиғаш танҳо мондааст.

Имдодгарон дарро боз карданд. Кӯдак ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.