Ғолибияти корманди Кумита дар озмуни “Китобхонаи беҳтарин”

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021 бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахасисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт, рушди соҳаи иҷтимоӣ, завқи баланди китобхонию китобдорӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, рӯ овардан ба фарҳанги асили ниёгон, фарҳанги шаҳрдорӣ, забондонӣ ва дар замири ҷавонону наврасон бедор намудани ҳисси хештаншиносию меҳанпарастӣ ва ҷалби онҳо ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамасола ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар озмуни “Китобхонаи беҳтарин” байни вазорату идораҳои давлатии воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе китобхонаи Дастгоҳи марказии Кумита ҷойи сеюмро ишғол намуда, санаи 13 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои Консерваторияи миллӣ масъули китобхонаи Дастгоҳи марказии Кумита майор Тоирова Аслигул бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз карда шуд.

барчасп: