КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 12-уми феврал боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 10-12 феврали соли 2024 дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳои равуои худро аз тариқи ин роҳҳо маҳдуд кунанд.

Рафтан ба шикоргоҳҳо, ғунучини ҳезум, роҳандозии корҳои кишоварзӣ ва моҳидорӣ низ маслиҳат нест.

Кумита бо эҳтиром аз ронандагоне, ки мехоҳанд бо роҳҳои кӯҳӣ ҳаракат кунанд, хоҳиш мекунад қабл аз сафар ҳолати техникии мошини худро аз назар гузаронанд. Сафар бо чархҳои тобистона дар фасли зимистон ва боз аз роҳоҳои пурхатари кӯҳӣ маслиҳат нест.  

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: