Ҷаласаи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи таълимӣ-методии минтақавии зерсистемаи Барномаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, масъалаҳои фаъолият дар соҳаи таъмини бехатарии одамон дар объектҳои об баррасӣ ва нишондиҳандаҳои вокуниши оперативӣ эълон карда шуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи омодасозии ҳуҷҷатгузорӣ дар зерсистемаҳои ҳудудии Низоми ягонаи вилоят, баланд бардоштани сатҳи таваҷҷӯҳ ба ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи саривақтии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода буд.

Дар ҷамъомади таълимию методӣ мавзӯҳои зерин: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 № 367 «Дар бораи таснифоти ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 No 799 «Дар бораи масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 № 699 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда» ва нақшаи асосии чорабиниҳои КҲФ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024мавриди баррасӣ қарор гирифт.