Омӯзишу тамринҳо дар ноҳияи Хуросон барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ

Охири ҳафтаи гузашта бо мақсади санҷиши ҳолати омодагии тамоми воҳидҳои сохтории зерсистемаи ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон, инчунин омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, ташкил намудани эвакуатсияи аҳолӣ аз минтақаҳои хатарноки табиӣ, гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди деҳаҳои Халқаҷар ва ба номи Н.Асадуллои ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар мавзуи «Ҳифзи аҳолӣ дар ҳолати хатар ва фаромадани ярчҳои калон» машкҳо гузаронида шуданд.

Дар ин машқҳо масъалаҳои омӯзишӣ оид ба огоҳонидани аҳолӣ аз боришоти шадид ва ярчҳои зиёд, эвакуатсияи аҳолӣ аз минтақаҳои шартии хатарнок ба ҷойҳои амн, сафарбар намудани нуқтаҳои назоратии сайёр барои қувваҳо ва воситаҳои минтақа тамрин шуданд.  

Дар марҳилаи аввал барои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хадамоти роҳ, сӯхтор, хадамоти тиббӣ ва дигар шуъбаҳои ба зерсистемаи ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва вокуниш ба ҳодисаҳои фавқулода дохилшуда машқҳои фармондеҳию ситодӣ гузаронида шуданд.  

Дар марҳилаи дуюми машқҳо масъалаҳои татбиқи амалии гурӯҳбандии қувваҳо ва воситаҳои зерсистемаи ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҷойгиркунии нуқтаҳои назоратии сайёр ва шаҳракҳои амне, ки аҳолӣ бо ниёзҳои аввал таъмин бошад, баррасӣ гардиданд.

 Бо дарназардошти хатарҳои мавҷуда сенарияҳо барои ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ омода карда шуданд. Дар доираи машқҳо 150 нафар аз ҳайати шахсии хадамоти дахлдори ноҳия, 400 нафар сокинони деҳаҳои номбаршуда ва 20 техникаи махсуси ягона иштирок намуда, зиёда аз 40 воҳиди нақлиёти шахсӣ низ ҷалб карда шуданд.

Зимни чорабинӣ эвакуатсияи омӯзишии аҳолӣ аз минтақаҳои эҳтимолии осебдида ба ҷойҳои амн, ки дар рафти мониторинг муайян карда шуд, ташкил карда шуда, нуқтаҳои назоратии сайёр барои қувваҳо ва воситаҳои минтақа сафарбар карда шуда, кори шаҳракҳои таъминоти ҳаёт санҷида шуд. Барои аҳолии эвакуацияшуда 11 хайма гузошта шуд.

Мутахассисони Кумита ба аҳолии деҳот қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми омадани селу ярчҳои калонро фаҳмониданд. 

Қобили зикр аст, ки 22 октябри соли 2023 дар байни деҳаҳои ҳудуди деҳоти Халқаҷар ва ба номи Н.Асадуллои ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ярч (20 метр) ба амал омад, ки он таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёти сокинони ин деҳаҳои ноҳияи Хуросон гардид.  Ва ҳадаф аз ин тамрин андешидани тадбирҳои пешгирикунанда барои идомаи ҳаракати он аст, ки метавонад ба ҷони мардуми ин рустоҳо хатар эҷод кунад. 

Дар доираи чорабиниҳои гузаронидашуда Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон корҳои пешгирию таблиғотиро дар байни аҳолӣ ҷиҳати омода намудани аҳолӣ ва амалҳои онҳо ба ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолиро роҳандозӣ мекунад.