Машқи иншоотии мудофиаи гражданӣ

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023, 21 ноябри соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи “Хосият Махсумова”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ, машқи иншоотии мудофиаи  гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, сардорон ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани машқи мазкур дар ҳамкории зич бо ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва донишҷуёни Коллеҷи омӯзгорӣ, хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳияи Шоҳмансур то оғози машқ омӯзиш гузаронида, ҳайати иштирокчиёнро омода намуданд.

Дар машқ афсарони Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита, Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, хадамотҳои мудофиаи граждании ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оташнишонӣ, тиббӣ ва энергетикии ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе ҷалб гардида, ҳангоми ташкил ва гузаронидани машқ қоидаҳои техникаи бехатарӣ риоя карда шуданд.

Тибқи Барномаи машқ, муовини якуми директори Коллеҷи омӯзгорӣ Саидов Д. машқро оғоз намуда, подполковник Шеров Ф. – сардори шуъбаи оперативӣ ва нозиротии Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита оид ба моҳияти машқи мазкур маърӯза намуданд.

Аз тарафи Комиссияи эвакуатсионии Коллеҷ эвакуатсияи донишҷӯён аз синфхонаҳо ҳангоми рух додани заминларзаи 7-8 балла гузаронида шуда, омӯзгорон ва донишҷӯён ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Инчунин аз тарафи Ситоди роҳбарикунандаи Коллеҷ, амали сохторҳои нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании Коллеҷ дар якҷоягӣ бо хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳияи Шоҳмансур ва Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба зарардидагон ва корҳои наҷотдиҳӣ, ташкил ва гузаронида шуд.

Дар анҷоми машқ фаъолони чорабинӣ бо ифтихорномаҳои директори Коллеҷ ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.