Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Наҷоти ронандаи 23-солаи "Мерседес-Бенс" аз қаъри дарёи Варзоб

Аз  аввали соли 2017 кормандони КҲФ 10 нафар аз ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётиро дар манотиқи куҳӣ ва обҳои кишвар наҷот доданд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудорфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини 23-солаи кишварро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҷавон бар асари садама якҷо бо мошинаш дар дарёи Варзоб фурӯ рафта буд.  

Ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли равон дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дод. Ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд баллони мошини сабукрави тамғаи "Мерседес-Бенс" ногаҳон кафид. Дар ин ҳол дар мошин ронанда танҳо буд.  

Ба шарофати амали фаврӣ ва рафтори ҷавонмардонаи наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи Ситоди КҲФ-и шаҳри Душанбе муяссар гардид, ки ронандаи 23-сола фавран аз об берун кашида шавад. Барояш кӯмаки аввалияи тиббӣ расонданд. Ҷавонмард баъди он ки ба худ омад, бистарӣ шудан дар бемористонро рад кард, чун худро хуб ҳисс мекард ва ниёз ба табобат надошт. 

Баъдан бо талоши кормандони наҷоти Кумита мошин низ аз об берун оварда шуд. 

Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали соли 2017 кормандони КҲФ 10 нафар аз ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётиро дар манотиқи куҳӣ ва обҳои кишвар наҷот доданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудорфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баронандагон тавсия медиҳад, ки дар роҳҳо ботаваҷҷуҳ бошанд, бахусус дар дараҳои тангу роҳҳои морпеч суръати ҳаракати мошинҳоро аз меъёр боло набаранд, ҳаёти худ ва атрофиёнашонро ба хатар наяндозанд.

барчасп: