Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Наҷоти падару духтар дар “Баҳри тоҷик”

Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд падар ва духтареро наҷот доданд, ки дар “Баҳри тоҷик” дар ҳоли ғарқ шудан қарор доштанд.

Сокини 29-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳангоми сайр дар гидросикл ҳамроҳ бо духтари 8-солааш қоидаи техникаи бехатариро вайрон кард. Дар натиҷа гидросикл чаппагардон шуд ва падару духтари зери он монданд.
Наҷотбахшони Кумита саривақт ба кумак расиданд ва дар як лаҳза онҳоро аз об берун кашиданд.
Ба наҷотёфтагон кумаки аввалияи тиббӣ расонданд ва онҳо бистарӣ шудан дар бемористонро рад карданд.
Баъдтар маълум шуд, ки ин мард ҳангоми идораи гидросикл сархӯш аз шароб будааст.

барчасп: