Ду садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Варзоб. Талафоти ҷонӣ нест, ронандагони маҷруҳ ба бемористон интиқол ёфтанд

Шаби 8-уми декабр, соати 02:20 дар километри 67 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб як мошини тамғаи «Volkswagen»  ба мошини «Mercedes-Benz Sprinter», ки канори роҳ қарор дошт, бархӯрд. Дар натиҷаи ин бархӯрди шадид мошини «Mercedes-Benz Sprinter» ба ҷарии 800 метр сарозер шуд.

Хушбахтона, ҳангоми садама дар дохили мошини «Mercedes-Benz Sprinter»,  касе нанишаста буд.

Ҳодисаи дуюм соати 11:08 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Боз ҳам дар роҳи Душанбе-Варзоб. Ин бор дар километри 57 ду мошини тамғаи “Дулан”, ки яке аз Душанбе ба самти Хуҷанд ва дуюмӣ аз Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд, ба ҳам бархӯрданд.

Дар натиҷаи ин садама ронандагони ҳарду мошин маҷруҳ шуданд ва ба бемористони Варзоб интиқол дода шуданд. 

Сабаби ин ду ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронадагон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Ҷони худ ва ҳамсафарони худ ва роҳгузаронро дар хатар наандозанд.

барчасп: