Афсар ба афсарону сарбозон. Истиқлол муборак!

Иди Истиқлол яке аз идҳои расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона мебошад. Ба мо расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдборӣ паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад.

Ниёгони хирадпешаамон ҳамвора дар орзӯи расидан ба ин рӯзи хуррамиву фирӯзи ниёишҳои зиёдеро ба қалам овардаанд ва мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем. Истиқлоли давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, нишонаи ҳувийят ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлол ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама масъулиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Ин ҳама саҳми арзанда ва меҳнату заҳматҳои тӯлонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Муҳимтарин дастоварди воқеан таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардидааст, иборат аз он аст, ки ӯ дар кӯтоҳтарин муддат тавонист оташи ҷанги хонамонсӯзи дохилиро дар Тоҷикистон хомӯш созад. Тоҷикистонро ба расимят шинохтани зиёде аз кишварҳои ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбари давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлати, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор дорад, ки соҳиби Ватани озод ва давлати мустақил аст.  

Бо шарофати даврони Истиқлол мутахассисони кордону ҷавони хушманд ба кору фаъолият ҷалб карда шуда, мардум дар ватани худ бо ҷойи кори доимӣ ва шароити хуби меҳнат давра ба давра таъмин гашта истодаанд.

Мехостам ҳамкасбони азизам, наҷотдиҳандагон, афсарону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли сокинони кишварро ба муносибати ин ҷашни фархунда муборакбод намоям ва барояшон бурдбориҳо орзу кунам!

 

Ҷалол Холов, афсари калони шуъбаи кадрҳо ва кор
бо ҳайати шахсии Раёсати КҲФ ва МГ
дар  шаҳри Душанбе, капитан. 
барчасп: