Бехатарӣ дар обҳо. Кормандони Раёсати КҲФ дар Суғд дар як барномаи телевизионӣ дар ин бора суҳбат карданд

6-уми июни соли 2022 Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як барномаи телевизионӣ ширкат намуданд ва дар бораи амалҳо дар об, қоидаҳои бехатарӣ ва риояи он дар вақти шиновариву истироҳат маълумот доданд.

Ҳадафи аслии чунин барномаҳо ташаккул додани фарҳанги рафтори бехатар дар об дар байни шаҳрвандон, бахусус кӯдакон мебошад.

Кормандони КҲФ дар бораи хатарҳое, ки дар обҳо зиёд мушоҳида мешаванд, нақл карданд. Сабабҳои аслии зиёд ғарқи об шудани наврасону кӯдакон аз чиҳо иборатанд. Ба ин суолҳо посух доданд.

Дар ин барнома ҳамчунин дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ сухан рафт. Тавсия дода шуд, ки касоне агар шиноварӣ наметавонанд, хуб аст ҳаваси оббозӣ дар обҳо накунанд. 

Гуфта шуд, ки кӯдакон наврасон бояод ҳатман ҳамроҳ бо волидон ё калонсолони дигар хонавода ва пайвандонашон ба соҳили обҳо раванд ва танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат аст.