Бузургтарин сӯхтор дар Амрико ҳамоно идома дорад

Дар ҳоле, ки сӯхтор ба Ню-Мексикои Амрико дуввумин оташсӯзии бузург дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то кунун унвон мешавад, аммо шароити обу ҳавои бесобиқа ва ғайри қобили пешбинӣ метавонад шиддити онро афзоиш диҳад. Ин сӯхтор беш аз як моҳ аст, ки идома дорад ва минтақаи бузургтар аз шаҳри Чикагоро дар бар гирифтааст.

Бисёре аз хонаводаҳо маҷбур ба тарги хонаҳои худ шудаанд ва ҳазорон нафар аз нуқоти наздик ба ин оташсӯзиро тарк кардаанд. Вазиши бод, дамои болои ҳаво ва шароити хушки минтақа муҷиб шуда, то интизори афзоиши шиддати оташсӯзӣ вуҷуд дошта бошад.

Сервиси миллии обу ҳаво хабар дод, ки ин сӯхторҳо дар ояндаи наздик ба шиддати бештар авҷ хоҳанд гиррифт ва мақомотро ба андешидани чораҳои таъхирнопазири ҳифзи ҷону моли бошандагон ҳушдор дод.

Фармондори Ню-Мексико аз сокинони ин минтақаҳо хостааст хеле ба зудӣ ва фавран маконҳои зисти худро такр кунанд ва ба ҷоҳои амнтар сокит шаванд. Вай дар Твиттераш навишт: “Имшаб вориди як давраи фавқулода хатарноки обу ҳаво шудаем, ки сабаби ташдиди оташсӯзӣ мешавад. Бо афзоиши бодҳои шадид мумкин аст шароит бадтар шавад ва пуштибонии ҳавоӣ ҳам мушкил шавад”.

Ҷо Байден-президенти ИМА ин ҳафта вуқуъи фоҷеаи бузург дар Ню-Мексикаро эълом кард ва роҳи истифода аз манобеъи Федерол, аз ҷумла кумакҳои молиро барои шахсони осебдида боз намуд.

Ҳамаи тарабхонаву мағозаҳо дар шаҳри Лос-Вегас, ки 13 ҳазор аҳолӣ дорад, баста шуданд ва мактабҳо низ таътил шуда ва ё танҳо онлайн баргузор мешаванд. 

барчасп: