Дар Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кӯдаконро роҳҳои наҷоти одамон омӯхтанд

Саду панҷоҳ нафар бачаҳо дар Маркази омӯзишӣ ва методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дарси наҷоти одамон дар вақти офатҳои табиӣ, расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро омӯхтанд ва тамрин карданд.

5  - уми майи соли 2017 дар Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти байналмилалии  «Добрососедство»  дарси омӯзишӣ дар мавзуъи “Амалҳои фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” баргузор шуд.

Дар ин дарси омӯзишӣ 150 нафар атфол аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ ширкат намуданд. 

Дар баргузории чорабинӣ наҷотдиҳандагони Кумита, ҳачунин кормандони тиббии беморхонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иштирок доштанд.

Ба бачаҳо усулҳо ва роҳҳои  наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ нишон дода шуданд. 

Ҳамчунин дар дарс мавзуъи “Ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ” мавриди шиносоӣ қарор гирифт ва ба ширкаткунандагон наворҳои видеоӣ дар ин мавзуъ намоиш доданд.

Дарси бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда низ гузаронида шуд.