Короновируси чинӣ: Беш аз 560 нафар ҳалок шудаву зиёда аз 28 ҳазор нафар сироят шудаанд

Бино ба иттилое, ки субҳи имрӯз хабаргузориҳо интишор доданд, шумори ҳалокшадагон бар асари бемории коронои чинӣ аз 560 нафар гузаштааст. Танҳо рӯзи чаҳоршанбе 73 нафар мубталоёни ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Оморҳои ахир аз густариши бесобиқаи вируси короно ҳикоят мекунад. Аксари касоне, ки бо ҳаёти худ падруд гуфтанд, сокинони вилояти Ҳубӣ будаанд. Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, ин беморӣ бори аввал дар шаҳри Вуҳон-маркази ин вилоят ба қайд гирифта шуд ва аввалин касе, ки аз ин вирус ҷон дод, низ сокини ҳамин шаҳр буд.

Бино ба иттилое, ки субҳи имрӯз, панҷшанбе мақомоти чинӣ интишор доданд, шумори ҳалокшудагон ба 564 нафар расида ва теъдоди сироёятёфтагон дар Чин аз 28 ҳазор нафар гузаштааст. Мақмот мегӯянд ҳамарӯза ҳам шумори сироятёфтагон ва ҳам фавтидагон меафзояд.

Дар Ҷопон қариб чор ҳазор мусофирони як киштии тафреҳӣ ба далели дар он мушоҳида шудани шахсони мубтало ба ин вирус дар карантин қарор гирифтааст. Ин киштӣ дар ҳоли ҳозир дар бандари  Юкуҳомо лангар  андохтааст ва хабаргузориҳо мегӯянд тибқи охирин озмоишҳо теъдоди мубталоёни ба ин вирус дар киштии мазкур ду баробар афзудааст.

Ахиран мақомоти эронӣ ҳам иттило дода буданд, ки дар ин кишвар низ чанд тан аз мусофирони богашта аз Чин дар як меҳмонхона дар карантин қарор доранд. Вале дар ин хабар гуфта нашудааст, ки оё мубталои ин беморӣ кашф шудааст ё на. 

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон то кунун 301 нафар шахсоне, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. Ин афрод дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  дошт ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд то кунун нишоне аз ин беморӣ ошкор нашудааст ва аз вуруди вируси короно ба Тоҷикистон иттило нест.