Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Бориши шадиди барфу борон то 6-уми феврал идома мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии кишвар ва меҳмонони олиқадри онро огоҳ мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ба дилхоҳ манотиқи кишвар худдорӣ намоянд ва ё агар зарур аст, ки раванд, пас бояд хеле эҳтиёткор бошанд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ то 6 феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ мемонад. Барфу борон дар навоҳии алоҳидаи кишвар бошиддат меборанд. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво аз 8 то 10 дараҷа паст мешавад.

Бошиддат боридани барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ сабабгори лағзиши тарма дар роҳҳо мешавад. Бахусус хавфи тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Лахш – Қарамиқ бештар аст.

Дар  робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии кишвар ва меҳмонони олиқадри онро огоҳ мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ба дилхоҳ манотиқи кишвар худдорӣ намоянд ва ё агар зарур аст, ки раванд, пас бояд хеле эҳтиёткор бошанд.

Пеш аз сафар аввал мошинро санҷед, ноҷӯриҳои онро ислоҳ кунед, захираи кофӣ ва ҳатто барзиёди сӯзишворӣ бо худ гиред, ашёи гарм дошта бошед, ғизои кофӣ бигиред, фонус, доруқуттӣ, банд, симкортҳои чандин шабакаҳо ва хадамоти мобилиро низ дошта бошед.

Пеш аз он ки ба роҳ бароед, ҳатман бо ҳоли роҳҳо ошно шавед, пурсед, ба сомонаи КҲФ пайваста ворид шавед ва вазъи роҳҳоро донед.

Ба касоне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, тавсия медиҳем, ки дар ин рӯзҳо аз рафтани ба шикоргоҳ ба қасди шикор, омода кардани ҳезум, моҳидорӣ дар лаби рӯдхонаву кӯлҳо, чаронидани чорво ва ғайра худдорӣ намоянд. 

Риояи ин ҳама қоидаҳои бехатарӣ ба хотири таъмини амнияти шумост!

барчасп: