Мушкилоти ҳаракат дар роҳҳо. Муроҷиати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар

Рўзҳои 20-22 январи соли 2019 дар бисёр минтақаҳои кўҳӣ бориши зиёди барф дар назар аст, хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад. Резиши барф ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ағбаи Қизил-Арт ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. То рӯзи 20-уми январ 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 20 январ дар километри 69 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд автомашинаи «Тойота Ланд Крузер Прадо» бо мусофиронаш зери тарма монд. Хушбахтона, ронанда ва мусофирони мошин сари вақт аз он берун шуданд ва худро ба макони амн расондад. Ин имкон дод, ки аз ҳодисаи нохӯш пешгирӣ шавад.

Барои тоза намудани қисматҳои зери барфи азим ва тарма мондаи роҳҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Innovative Road Solutions (IRS) техника сафарбар кардаанд ва корҳои тоза кардани роҳҳо идома доранд. Дар мавзеъҳои Майхӯра (километри 62), километрҳои 72 ва 132 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, инчунин дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ гурўҳхои зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амал мекунанд.   

Дар иртибот ба мушкилоте, ки ҳавои барфӣ ба миён овардааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат ва меҳмонони гиромии он ба як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад аз равуои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.   

Кумита ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш ва коҳиши хатари офатҳо ба ронандагоне, ки дар ҳолати зарурӣ ба сафар мебароянд, бори дигар тавсия медиҳад:

- лозим аст пеш аз сафар дурустии автомашинаҳоро санҷида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намояд;
- мошинро бо маводи сӯхт пурра таъмин намоянд, то дар ҳолати зарурат барои гарм кардани автомошина захира мавҷуд бошад;
- чархҳои тобистонаи автомашинаҳоро бо чархҳои зимистона иваз намуда, мошинҳои калонҳаҷму боркашро бо занҷирҳои зидди лағзиш, чароғҳои фурӯзон ва таъмин будани дурустии кори системаи гармидиҳии мошинро санҷанд;
- автомашинаҳо бо дорухонаи хурд, сару либоси гарм, чароғак, бели хурд, таноби мошинкаш, гугирд, зарф бо маводи сӯхт, оби гарм таъмин карда шавад;
- риоя намудани суръати ҳаракат ва масофа байни автомашинаҳо зарур аст;
- доштани якчанд симкортҳои ширкатҳои телефонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар ҳолати душвор дидани роҳ, туман ва шабонарўзӣ аз ҳаракат бо автомашина худдорӣ намоянд.

 

 

барчасп: