27 декабри соли равон бо мақсади беҳбуди парки техникии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба воҳиди вокуниши сареъ мошини нави боркаши махсуси РВД тақдим намуд.
Ин техникаи вазнин барои роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот ва расонидани кумак ба аҳолии ниёзманд чӣ дар кӯчаҳо ва чӣ дар хонаҳои баландошёна ба кор бурда хоҳад шуд.
Дарозии «дасти» ин мошини тамғаи «ГАЗ-3309» 18 метр аст.