Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Activities calendar

31 декабря 2018

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2019

31.12.2018 21:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.

СОЛИ НАВУ ИҚБОЛИ НАВ!

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони иззатманд! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2019 самимона муборакбод мекунад!

Бигзор ин сол соле бошад, ки Шумо дар амнияти комил ҳаёт ба сар баред. Саломатӣ, хушиҳои зиндагӣ ва беҳбудиҳо ҳамқадаму ҳамроҳи Шумо ва наздикони Шумо бошанд!

Бигзор рӯйдодҳои хотирмони имсол умре дар хотири Шумо нақш банданд ва мову шумо бо дидгоҳҳои тозаву нақшаҳои нави корӣ пой ба остонаи соли Нав ниҳем!

Бинои нави Ситод дар қисми ҳарбии КҲФ ба истифода дода шуд

Дар остонаи Соли Нав қисми ҳарбии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби бинои нави Ситод шуд. Ин бино бо навтарин техника муҷаҳҳазонида шудааст.

Бо мақсади фаъол гардонидани чораҳо оид ба таҳкими моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ 31 декабри соли 2018 бинои нави дуошёнаи Ситод ба истифода дода шуд. 

Наҷоти сокини 17-солаи пойтахт, ки бо мошин ба дарёи Варзоб парида буд

Дар остонаи Соли нав ҷавони масте бо ду ҳамраҳаш худро бо мошини «Toyota Camry» ба дарёи Варзоб андохт. Мошин тахминан 3-4 метр парид ва баъдан ба қаъри 1,5-2 метр фурӯ рафт. Агар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба ёрӣ намерасиданд, фоҷеа ҳатмӣ буд. Сарнишинон беосеб аз дохили мошин берун оварда шуданд. Кумита бори дигар