Activities calendar

03 декабря 2018

Таъкиди генерал Назарзода ба таҳкими зарфиятҳои кумакҳо ба ниёзмандон дар ҳолатҳои фавқулодда

Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва  арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар ҷаласаи худ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба шарикон барои кумакҳо дар роҳандозии корҳо оид ба бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи баҳори соли равон дар қаламрави мамлакат изҳори ташаккур ва сипос намуд. Вай бахусус ба нақши Ҳукумати кишвар дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид намуд.

Оғози давраҳои нави омӯзишӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар аввалин рӯзи ифтитоҳи давраҳои нави омӯзишии “Чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаҳои аз фалокат зери обмонда дар ҳолати рахнашавии иншоотҳои гидротехникӣ”  муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник М.Салимзода ба муҳим будани он барои кормандону мутахассисони Кумита таъкид намуд. Дар ин давраҳои омӯзишӣ кормандони Дастгоҳи марказии воҳидҳои сохтории Кумита, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмилалие, ки дар ин самт фаъолият