Activities calendar

06 декабря 2018

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

06.12.2018 21:25, Россия
6 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд иштирок намуданд.

Сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласа вазъи кунунӣ ва

Ҳамоиши тарҳрезиҳои чорабиниҳои муштарак дар Душанбе

Дар оламе, ки оромиш надорад, ҳар кор метавонад ба вуҷуъ пайвандад. Аз ҷумла, кӣ метавонад гуфт, ки як замоне аз ин ё он кишвари ҳамсоя мавҷи оворагону паноҳандагон ба мамлакати мо сарозер намешаванд? Ин аст, ки на танҳо Тоҷикистон, балки дилхоҳ мамлакати олам бояд омодаи пазириш бошад. Вале бархӯрдоҳои аввал бо оворагон худ фарҳанги алоҳидаест, ки чигунагии омодагиҳои кишварро ба намоиш мегузорад. Ва ҳадафи дуюмин омӯзишҳои саҳроии алоқаманд ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон низ тамрини чораҳои муштарак аст.

Ёздаҳ моҳи фаъолиятҳои наҷот. Шарҳи хеле кутоҳ

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон чандин хатароти табиие чун сел, обхезӣ, тарма, бодҳои сарду шадид, ярч, заминларза, хушксолӣ, раъду барқ, сармо, резиши барфи тунд, гармои шадид ва ғайра рух доданд. 

Бино ба маълумоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи 11 моҳи охир дар кишвар 165 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шудааст, ки 21 ҳолат ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расонд (соли 2017 879 ҳодисаи фавқулодда, ки 89 - тои он зарари моддӣ расонда буд).

Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир аст

Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба шумор рафта, хатари онҳо рӯз ба рӯз рӯшантар мешавад. Ҳамин аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоваранд, ки мубориза бар зидди онҳо пурзӯртар карда шавад.