Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо

ДУШАНБЕ, 30.09.2018

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси андӯҳи амиқи мо гашт.

Аз Шумо хоҳиш дорам, ки тасаллияти самимии моро ба мардуми дӯсти Индонезия бирасонед. Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил ва барои тамоми осебдидагон шифои комил орзумандам».

Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон
Акс аз Ховар

барчасп: