Activities calendar

09 ноября 2021

Нуҳ нафар сокинони Муъминобод гирифтори ботулизм дар бемористон бистарӣ шуданд. Ин чӣ беморист ва чӣ бояд кард?

Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳодисаи заҳролуд шудан аз хуриши ба истилоҳ “зверобой” кашф шуд. Тибқи иттилои расида то ба ин замон 9 нафар аз ҷумлаи сокинони ин ноҳия дар бемористон бистарӣ шудаанд.

8 ноябри соли 2021 тахминан соати аз 6:00 субҳ то 10:53 ба беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоби вилояти...

Хуруҷи пурхатари вируси Зико дар Ҳинд. Мақомот мегӯянд он батариҷ фарогир мешавад

Ҳудудан 90 нафар сокинони шаҳри Канпури иёлоти Уттар-Прадеши Ҳиндустон ба вируси Зико сироят шудаанд ва мақомот гуфтаанд, ки 17 нафари онҳо кӯдаконанд. Духтури беҳдоштии Канпур Непал Сингх ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки хуруҷи ин вирус дар минтақа ба мушоҳида мерасад. Вай ба оморҳои охир рӯ овардаву изҳор доштааст, ки бори аввал ин вирус соли 2017 дар Гуҷарот аз худ дарак дода буд.

Марги собиқ вазири энергетикаи Русия аз COVID-19

Собиқ вазири энергетикаи Русия Сергей Шматко бар асари сироят ба коронавирус аз олам даргузашт. Шматко замони марг 55 сол дошт ва бино ба гузориши  «Газета.Ru» марги ӯ ба сабаби КОВИД-19 сурат гирифтааст.

Солҳои охир Шматко президенти ширкати «Артпол ҳолдинг» будааст. Манбаъ истинодан ба роҳбарияти ин ширкати...