Activities calendar

22 октября 2021

Захираи молҳои ғайриғизоӣ ғанӣ шуд. Ин молҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба ниёзмандон тақсим хоҳанд шуд

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ ҳангоми офатҳои табиӣ, имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстонаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист бо сармоягузории Агентии рушд ва ҳамкориҳои Швейтсария баргузор гардид.

Ба ғолибони радиовикторина мукофотҳо супурда шуданд

21 октябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии нахди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими мукофотҳо ба ғолибони радиовикторина бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Панҷ нафар ғолибони ин радиовикторина бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои умкофотонида шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои сокинони кишвар...