Covid-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши маргумир аз коронавирус зарфи ҳафтаҳои оянда хабар дод
Чоп шуд: 15/10/2020 | adminТо 15 октябри соли 2020 дар саросари олам 38 миллиону 752 ҳазору 973 нафар мубтало ба коронавирус Covid-19 шуданд ва шумори фавтидагон ба 1 096 962 нафар расидааст. Дар шабонарӯзи гузашта 103 ҳазору 473 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуда, бар асари ин беморӣ дар 24 соати гузашта 2420 нафар фавтидаанд. Дар саросари олам аз ин вирус 29 миллиону 129 ҳазору 637 нафар пурра муолиҷа шуданд.