Хабари фаврӣ: бархӯрди чархболи Ми-8 бо 13 кӯҳнавард дар поёноби пиряхи Фортамбек

Соати 16:30 дақиқаи рӯзи 12-уми  августи соли равон   чархболи Ми-8, ки кӯҳнавардонро аз қуллаи И смоили Сомонӣ бармегардонд, дар поёноби пиряхи Фортамбек сахт ба замин нишаст. Бино ба хабарҳои аввалия ин чархбол замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ бармегардонд.

Ҳангоми рух додани ин ҳодиса  дар чархбол 13 нафар кӯҳнавардон ва 3 нафар халабонҳо савор буданд.

Барои муайян намудани сабабҳои ин ҳодиса аз ҳисоби роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар Комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шудааст. 

Ба макони ҳодиса 3  чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз шуданд.
Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

барчасп: