Activities calendar

15 августа 2018

Боздид аз кӯли Сарез

Дар доираи аввалин ҷаласаи байниидоравии коллегияи муштарки Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон генерал-майор В.Қулдошев аз кӯли Сарез дидан карданд.

Ҳамоиши “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо” дар пойтахти кишвар

Субҳи имрӯз дар доираи баргузории ҷаласаи муштараки коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  “мизи мудаввар” дар мавзуъи “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо”  оғоз ба кор кард.

Поёни аввалин ҷаласаи муштараки коллегия ниҳодҳои наҷоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Ширкаткунандагони аввалин ҷаласаи коллегияи муштараки ниҳодҳои наҷоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамкориҳои наздимарзӣ таъкид карданд. Ин ҷаласаи муштарак дирӯз баъди зӯҳр баргузор шуд ва имрӯз аз субҳ “мизи мудаввар” дар мавзӯъи “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо”  оғоз ба кор кард.