Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Activities calendar

28 августа 2018

ОБ. МУЪҶИЗА БОЯД ПОК БОШАД

«Об муъҷизаи бебаҳои табиат ва асоси пайдоишу пойдории олам аст», - навиштааст Арасту, олими забардасти Юнони Қадим. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба об марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об аст, ҳаёт, ободӣ ва хушбахтӣ низ ҳаст. Ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш менамуданд, яъне аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.

ТТЭ ҲНИ ВА ҚАТЛИ СОБИҚ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ

Дар замони даргириҳои таҳмилии Тоҷикистон куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ ба авҷи аъло расида буд. Намояндаи мардумии ҷумҳурӣ, ҷавонмарди асил, тимсоли ҳақиқату адолат, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев низ аз ҷониби қотилону ноҷавонмардони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ

Ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Кумита бо овозхони маъруфи тоҷик

Ташкили барномаҳои адабиву мусиқӣ дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончӣ, дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита мулоқоти сарбозон ва афсарон дар доираи як барномаи адабиву мусиқӣ бо сарояндаи маъруфи эстрада Валиҷон Азизов баргузор шуд. Мулоқот бо овозхони шинохта дар остонаи ҷашни миллӣ – 27 солгарди Истиқлолияти давлатӣ доир гардид ва дар он бештар таронаҳои ватандӯстӣ ва савту навои муосири эстрадӣ садо доданд.

Дар шимоли кишвар кормандони КҲФ машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор намуданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон санҷиши ҳолати омодагии ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми гузаштан аз ҳолати замони осоишта ба ҳолати давраи ҷангӣ» гузарониданд. Машқи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба