Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Мураббиёни фаронсавӣ наҷотдиҳандагони кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро тамрин медиҳанд

То охири моҳи ҷорӣ бояд тамринҳои навбатии омодасозии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома кунанд. Мураббиёни фаронсавӣ як силсила дарсҳои назариявӣ ва амалии наҷоти одамон ва ҳифзи иншоотҳои муҳимро тамрин хоҳанд кард.

Кафолати роҳандозии муваффақонаи корҳои наҷот ва садамавӣ ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун омодагии баланди касбии  наҷотдиҳандагон мебошад. Бо назардошти ин дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагони воҳидҳои КҲФ диққати махсус медиҳанд. 

Бар пояи муоҳадаи бадастомада ва бо мақсади идомаи омӯзишҳо оид ба такмили ихтисоси кормандони воҳидҳои наҷоти КҲФ то охири моҳ дуюмин давраҳои омӯзишӣ барои воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумита оғоз шуданд. 

Тибқи нақша дарсҳо бояд назариявӣ ва амалӣ гузаранд. Дарсҳо аз ҷониби омӯзгорони пуртаҷрибаи хадамоти Департаменти зидди сӯхтор ва наҷоти Ҷумҳурии Фаронса гузаронида мешаванд. Дар ҷараёни ин дарсҳо наҷотдиҳандагон малакаҳои зеринро тамрин хоҳанд кард:

 - омодагии тиббӣ (расонидани аввалин ёрӣ ба зарардидагон дар ҳолатҳои фавқулодда);

- омодагии кӯҳнавардӣ (гузаронидани корҳои наҷот бо истифода аз абзорҳои кӯҳнавардӣ);

- омодагиҳои вижаи тактикӣ (амали наҷотбахшон ҳангоми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ дар барфтӯдаҳо ё наҷоти одамон дар иншоотҳои обӣ);

- омодагии техникӣ (истифодаи дастгоҳи садамавӣ-наҷот ҳангоми роҳандозии корҳои наҷот);

- ҷустуҷӯи гумшудагон дар табиат.