Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Шумори ҳалокшудагон дар сӯхтори Маркази савдои Кемерево ба 53 тан расид

Ситоди фаврии расидагӣ ба фоҷеаи Кемерево аз ҳалокати 53 нафар хабар дод, ки аксари онҳо тифлонанд. Ҳамчунин дар хабар гуфта мешавад, ки 12 нафар ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд ва вазъи саломатии иддае вахим аст. Шумори қурбониён дар ҳоли афзоиш аст.

Хабаргузории давлатии ТААС истинодан ба манъбаҳои худ иттилоъ додааст, ки сӯхтори Маркази савдои «Зимняя вишня» сабабгори марги 53 тан шудааст. 12 тани дигарро ба ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол додаанд, ба 36 нафари дигар кумаки фаврии тиббӣ расондаанд ва онҳо аз бистарӣ шудан дар касалхона худдорӣ кардаанд. 

Ситоди фаврӣ эълон кардааст, ки ҷустуҷӯи боз 16 нафари дигар, ки бедарак гум шудаанд, идома дорад. Онҳо бояд дар толори синемо дар ошёнаи чоруми бино бошанд, гуфтаанд дар Ситод.  

Ҷонишини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Владлен Аксенов аз ин пештар аз ҳалокати 48 нафар хабар дода буд.  

Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Владимир Пучков гуфтааст, ки хомӯш кардани забонаи оташ мушкилтарин кори рӯз буд. “Ман вазифадор кардам, ки боз ду қитъаи иловагии ҷустуҷӯ таъсис шавад ва ба кофтукоби одамони бенишон ғайбзада суръат бахшанд”,- гуфтааст Пучков ба Интерфакс.  

Тибқи иттилои охир дар иртибот ба фоҷеаи Кемерево 4 нафар боздошт шудаанд. Онҳо роҳбарону масъулони ҳамон ширкате будаанд, ки ба маркази савдо хизмат мерасонад. Бино ба гуфтаи намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко ҷустуҷӯи гунаҳгорони боқимонда идома дорад. 

Сӯхтор дар маркази савдои чорошёнаи Кемерево рӯи якшанбе рух додааст. 

 Тибқи иттилои дигаре, ки шабакаҳои иҷтимоӣ интишор додаанд, дар ҷойи ҳодиса боз 69 нафари дигар бенишон ғайб задаанд. Корбарони Интернет дар гузоришоти худ навиштаанд, ки ҷисми сӯхтаи 7 наврасро дар даромадгоҳи толори синемо ёфтаанд.  Аз сабаби баста будани дари эҳтиётӣ онҳо натавонистаанд аз он берун шаванд. Мақомот мегӯянд ин бачаҳо аз дуди азим ҳалок шудаанд. 

Нашрияҳои чопи Маскав ин рӯйдоди мудҳишро, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди бачаҳо шудааст, васе пӯшиш додаандд. Аз ҷумла,  «Комсомольская правда» хабар додааст, ки духтаре пеш аз маргаш ба холааш занг задааст ва гуфтааст, ки дарҳои толори синемо бастаанд, роҳи баромад нест, ҳама ҷо месӯзад.

“Ба муҷарради сар задани сӯхтор ҷиянам Вика ба ман занг зад. Вай гуфт, ки ҳама ҷо месӯзад, дарҳо бастаанд, роҳи баромад нест... Ва боз гуфт: “Ба модрам арсонед, ки ман ӯро дӯст медоштам, ба ҳама расонед, ки ман ҳамаро дӯст медоштам...” Ва баъди ин телефон хомӯш шуд. Ҳоло занг мезанам, садое ба гӯшам ба ҷуз садои худи телефон намерасад...”,- гуфтааст ӯ.