Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби бинои нав бароии Маркази омӯзишӣ шуд

Маркази омӯзишиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки як ниҳоди тозатаъсиси омӯзишист, бо бинои нав ва муҷаҳҳаз таъмин гардид. Ин бино дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Кумита сохта шуд ва маблағгузори он Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ буд. Бинои сеошёна дар муддати як сол сохта шуд ва имрӯз маросими таҳвили он баргузор гардид.

3 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Дар маросими ифтитоҳ Котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник  Абдураҳим Қаҳҳоров, Роҳбари Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳи Арабистони Саудӣ-ҷаноби Абдуллоҳ ибни Абдулазиз-ар-Робиа, Сарвари идораи генералии мудофиаи граждании ВКД Арабистони Саудӣ Сулаймон ибни Абдуллоҳ-Амр, як қатор роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои кишвар ширкат намуданд. 

Абдураҳим Қаҳҳоров- Котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Абдуллоҳ ибни Абдулазиз-ар-Робиа-Роҳбари Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳи Арабистони Саудӣ зимни суханронӣ дар назди ҳозирин қайд карданд, ки ҳамаи ин талошҳо барои наҷоти ҷони одамон ва расонидани кумакҳои фаврӣ мебошад.   

Ин бинои таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дорои таҳххона, толорҳои маҷлис, синфхонаҳои муҷаҳҳазгардонидашуда, китобхона, бойгонӣ, озмоишгоҳ, варзишгоҳ, ошхона, утоқҳои корӣ барои кормандони Марказ ва меҳмонхона мебошад.  Ҳамаи утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Сохтмони Марказ муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ ва мебел аз ҷониби Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ бар асоси Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Маркази Шоҳ Салмон дар моҳи феврали соли 2017 имзо шуда буд,  маблағгузорӣ шуд. 

Дар поёни маросими таҳвил ба истифодаи бино наҷотдиҳандагони КҲФ як силсила барномаҳои намоишии наҷотро иҷро карданд.

Ҳамчунин меҳмонон бо техникаи махсусе, ки дар ихтиёри Кумита мавҷуд аст, ошно шуданд. 

Гуфтанист, ки фаъолияти Маркази таълимӣ-методии КҲФ қабл аз ҳама ба татбиқи шеваҳо ва усулҳои нави омӯзиш оид ба масъалаҳои калидии фаъолияти Кумита, такмили таҷрибаҳо ва аз худ намудани системаҳои иттилоотӣ-технологӣ оид ба омодасозии кадрҳо дар самти мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ равона шудааст.

барчасп: