Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 майи соли 1973  дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳии ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

Соли 1996 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси “омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик” ва соли 2014 факултаи 1-ми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси “идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ”хатм кардааст.

Аз соли 1996 то 2001 Директори ширкати “Акмал компания”,  аз соли 2001 то 2020 дар вазифаҳои гуногун дар қисмҳои ҳарбии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва баъдан дар Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.

Аз 15 июли соли 2020 дар мансаби командири Баталёни алоҳидаи серҷарбҳаи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

10-уми марти соли 2021 ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.