Садори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии КҲФ ва МГ подполковник Сафарбек Аваз Сунатулло

Курсҳои ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999, № 1239 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 1999, № 294 ба Маркази таълимию-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ номгузорӣ гардида, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 ба Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёрӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҳайати роҳбарикунанда, сардорон-фармондеҳони вазоратҳо, кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таълимии олӣ, ташкилотҳо ва мутахасисони соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шуъбаи таълимӣ-методӣ, шуъбаи кор бо марказҳои вилоятӣ ва курсҳои минтақавӣ, бахши тайёрии махсус ва бахши хоҷагидорӣ иборат мебошад.