Activities calendar

10 декабря 2019

СОХТОРИ дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарияти Кумита

Акс Вазифа Телефонҳо

Ҳавои боронии рӯзи чоршанбе, 11-уми декабр

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кулли манотиқи кишвар ҳаво ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Ҳарчанд аз сардиҳои бештар иттило дода намешавад, вале дамои ҳаво назар ба рӯзҳои пеш фарқ мекунад. Дар баландкӯҳҳо ҷо-ҷо шабона барф ҳам меборад. 

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист ва гоҳ – гоҳе борон

Савганди садоқати наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Рашт

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт воқеъ мебошанд, наваскарон ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд.  Дар ин рӯзи хотирмон барои кулли сарбозони навдаъват роҳбарияти КҲФ, падару модарон, пайвандон, дӯстони наздикашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.