КҲФ: Дар ш. Ваҳдат аксияи "Тозагии шаҳри мо-масъулияти мост!" доир гардид

Дар шаҳри Ваҳдат бо ҷалби сохтору мақомотҳои дахлдор ва аҳли ҷамоату деҳаҳо аксияи " ТОЗАГИИ ШАҲРИ МО - МАСЪУЛИЯТИ МОСТ!" баргузор гардид.

Дар баробари дигар мақомотҳои дахлдор ҳайати шахсии Бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат фаъолона иштирок доштанд.

КҲФ: Ҷаласаи ҳамоҳангсозии таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳали кишвар

Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасии Харитаи роҳи миллии таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳалро (EWS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъули мақомоти дахлдори кишвар ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор намуданд.

Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани зарари офатҳо барои тақвияти низоми огоҳсозии бармаҳали худ саъй мекунад.

Барфтӯда. Сармои шадид ва тавсияҳо ба аҳолӣ

Барфтӯда

АРФТЎДА – як ҳодисаи табиӣ аст, ки ба резиши шадиди барф иртибот дорад, ҳолатест, ки боди сард бо суръати бештар аз 15 м/с мевазад ва барф тўлонитар аз 12 соат беист  мерезад. Бўрони барфӣ дар ин муддат роҳҳоро барои ҳаракати мошинҳо ва одамон мушкил мекунад, зиндагиро, бахусус барои деҳоти кўҳистон, душвор месозад. Баландии барф дар ин гуна ҳолатҳо ба беш аз 1 метр мерасад, дар минтақаҳои сард то ба 2 ва ҳатто, 3

КҲФ: Вохӯрии судманд бо афсарон

27 декабри соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбат дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар таҳрири нав бо иштироки муовини  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳайати шахсии Кумита ва намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ  баромад намуда, таъкид намуданд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” 

КҲФ: Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳо

 Дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллии паст кардани хавфи офатҳо барои баррасии пешрафт дар татбиқи Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳо ва муҳокимаи чораҳои афзалиятнок барои тақвияти иқтидори Платформаи миллӣ ҷамъ омад. Дар ин ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ, мақомоти дахлдори миллӣ ва шарикон иштирок доштанд.

  Гурӯҳи корӣ натиҷаҳои асосии бадастомада дар соли 2025-ро баррасӣ кард ва афзалиятҳоро барои соли 2026 ва давраи миёнамӯҳлат то соли 2028 баррасӣ кард. Муҳокимаҳо ба омилҳои афзалиятнок барои татбиқи самараноки Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла таъсиси системаи мониторинг ва иттилоот (MIS), таҳияи портали иттилоотии онлайни миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва тақвияти иқтидор тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шуданд. 

Страницы