Бехатариву амният дар об: Инро донед, то ҳаётатон зери хатар набошад!

Тобистон мавсими оббозиву шиноварист. Гармои шадид беш аз пеш одамонро ба соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзҳо, обанборҳо тела медиҳанд. Дар кишвар кам нестанд ҷойҳое, ки махсус барои истироҳати тобистона омода шудаанд. Вале будубош дар онҳо қоидаҳои худро доранд, ки риоя шуданашон сабабгори таъмини амнияту бехатарии одамон мешавад. Донистани ин қоидаҳои душвор нестанд, муҳим он аст, одамон масъули амнияти худ ва атрофиёнашон бошанд. Вале агар рафту фоҷеае пеш омад? Ба тавсияҳои мо лутфан таваҷҷӯҳ намоед:

Сабаби аслии фоҷеа оббозӣ дар ҳолӣ сархӯшӣ аз шароб, оббозӣ дар минтақаҳои мамнӯъ ва номуҷаҳҳаз, риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ дар махзанҳои об, ҳамчунин набудани малакаҳои расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба шахсон ҷабрдида мебошад. 

Барои он ки ба фоҷеа рӯ ба рӯ нашавед, талош намоед танҳо оббозӣ накунед, дар ҳоли мастӣ вориди об нашавед, ба маконҳои бароятон ношинос наравед, агар шумо бемории қадима доред, дур аз соҳил шиноварӣ накунед, бачаҳоро беназорат нагузоред. 

Манъ аст:

- оббозӣ дар ҷойҳое, ки бо эълон манъ кардаанд;  

- оббозӣ дар ҷойҳое, ки ношинос ва номуҷаҳҳазанд; 

- гузаштан аз марзе, ки оббозиро манъ кардааст;

- наздик шудан ба заврақҳо ва дигар василаҳои шиноварӣ;

- аз заврақ, киштӣ ва иншооте, ки барои оббозӣ мутобиқ карда нашудааст, ҷаҳидан ба об;

- ифлос кардани махзанҳои об;

- нӯшидани машруботи спиртӣ, оббозӣ ҳангоми сархӯшӣ аз шароб;

- бо худ бурдани саг ва дигар ҳайвонот;

- дар соҳил, гардероб, хонаи либоскашӣ боқӣ гузоштани коғаз, шишаҳои холӣ ва дигар партовҳо;

- тӯббозӣ ва дигар бозиҳои варзишӣ дар ҷойҳое, ки барои ин гуна корҳо пешбинӣ нашудаанд;

- фарёд задан, бонги дурӯғ парокандан;

- шино дар тахта, ғӯлачӯб, нимкатҳо, камераи мошин ва бистарҳои резинӣ ё дамдодашуда.


Ҳар одам вазифадор аст ба каси зери хатар монда дар об ёрӣ расонад.

 

Амалҳо дар ҳолатҳои фавқулодда

Агар дар пеши чашми шумо одаме ғарқ мешавад ва наҷотдиҳандагон дуранд, метавонед аз ин қоидаҳо истифода намоед:

-  то назди ғарқшаванда аз ақиби вай шино кунед. Агар ин ғайриимкон бошад, ба об ғӯта занед ва бо дасти чап аз зери зонуи пои росташ доред, бо кафи дасти ростатон  пои чапашро сахт тела диҳед ва ғарқшавандаро ба пушт гардонед;

- дасти худро зери мушаки дасти рости ғарқшаванда гузоред ва даст ва китфи ӯро мустаҳкам дошта, бо ӯ боло шино кунед;

- ҷабрдидаро ба ҷойи бехатар кашида баред.

Усулҳои берун овардани ҷабрдида аз об:

Якум:

1. Ҷабрдидаро бо ду даст аз зери манаҳаш доштан.

2. Бо пушт шино кардан, бо пойҳо ҳаракат додан бо усули брасс (шеваи шиноварӣ дар варзиш).

Дуюм:

1. Аз пас дасти худро расондан ба дасти ҷабрдида.

2. Бо ангуштони ҳамин даст  қапидан аз манаҳи ҷабрдида.

3. Шино кардан бо усули брасс ва ё бо паҳлӯ бо ба кор андохтани дасти озод ё пойҳо.

Сеюм (агар ғарқшаванда муқовимат кунад):

1. Дастатонро зери дасти ғарқшаванда андозед.

2. Бо усули брасс ва ё бо паҳлӯ бо ҳаракат ба дасти озод шино кунед.

Ҳангоми расонидани ёрии аввал зарур аст:

1. Ҷабрдидаро сар ба поён кунед. Даҳонашро пок карда, то решаи забонаш фишор оред. Дар сурати пайдо шудани рефлексҳои қайъкунӣ ва сулфа кӯшиш намоед, ки об аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда пурра  холӣ шавад.

2. Агар ҳаракати қайъкунӣ ва нишоне аз нафаскашӣ пайдо нашуд, пас ӯро ба пушт хобонед ва бо маҳси қафаси дил нафаси сунъӣ диҳед. Бо дидани нишоне аз ҳаёт рӯи ӯро поин оварда, оби ҷамъшударо аз ишкам ва меъда бо роњи мањси ќафаси сина ва ишкам берун бароред.

3. Сарашро ба қафо хам карда, манаҳи поёни онро поин кунед ва даҳонашро боз намоед, аз тариқи даҳонаш ҳаво ворид созед ва ҳаворо аз он берун кунед.

4. “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намоед.

 Риояи ин қоидаҳо ва амал тибқи ин дастурҳо хавфи ҳалокати одамонро аз байн мебаранд. Инсонҳо масъулият доранд, ки ба ҳамдигар дар чунин ҳолатҳои ёрӣ расонанд!

Агар ҳолате пеш меояд, ки кумак лозим аст, фавран бо телефони  223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоед!