Варақаи матбуотӣ

Наҷоти ҷони 235 нафар дар як сол

Тӯли соли 2019 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 235 нафарро наҷот додаанд ва ба бештар аз 600 нафар зарардидагон дар офатҳои табиӣ ёрӣ расондаанд. Бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ ба 25 шаҳру ноҳияе, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, маводи сохтмон расонданд. Дар ин муддат ҳамчунин 1471 минтақаи хатарнокро ба қайд ...

Тақвими рӯз: Солҳое 10-уми январ

10-уми январи соли 1954. Ҳавопаймои De Havilland DH-106 Comet 1 («Комета 1») мансуб ба ширкати ҳавопаймоии ВОАС, ки бо хатсайри ВА781 ба  Сингапур—Карочӣ- Баҳрайн—Бейрут—Рум—Лондон парвоз мекард, сарнагун шуд. Ин ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз Рум дар баландии 8,3 километр аз ҳам пош хӯрд. Шикастапораҳои онро дар баҳри Миёназамин, ҷануби ҷазираи Элба пайдо карданд. 35 нафаре, ки дар он сафар доштанд, ҳамагӣ кушта шуданд.

ФАВРӢ: Як куштаи тарма дар Рашт

Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Рашт як нафар ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.

Нисфирӯзии 7-уми январ сокини бистсолаи деҳаи Сиполинг, ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт ба кадом мақсаде ба самти чапи деҳа рафтааст. Баногоҳ аз доманакӯҳ тарма...

Ҳушдори дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9-уми январи соли 2020 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон, Суғд туман, бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар дошта шудааст.  Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Садама дар ноҳияи Рӯдакӣ: як нафар ба ҳалокат расид

Тағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Дирӯз як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз Ёвон ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда чаппа шуд ва мусофири 33-сола ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Страницы