Варақаи матбуотӣ

Русия мегӯяд озмоиши доруи нав зидди COVID-19 - «Авифавир» муваффақомез буд

Вазорати тандурустии Русия гуфтааст, ки санҷиши доруи нави зидди короновирус бо номи “Авифавир” 90 дарсад самаровар буд. “РИА Новости” истинодан ба ҷонишини Директори Маркази пажӯҳишҳои миллии Вазорати тандурустии Русия Владимир Чуланов хабар додааст, ки аввалин озмоишҳо нишон доданд, ки доруи нав то 90% барои шифои беморони гирифтори коронавирус самаровар буд.

Моҳидорӣ рафт ва ғарқи шуд

Мавсими моҳидорист ва ҳамарӯза садҳо нафар ба соҳили рӯдхонаву обанбору каналҳо мераванд, то барои таъмини рӯзгор моҳидорӣ кунанд. Аммо ҳар кор, аз ҷумла моҳидорӣ низ қоидаву қонунҳои худро дорад, ки бояд риоя кард. Дар акси ҳол метавон пои худро дар фоҷеае печонд, ки оқибати он нолаи пурсӯзи пайвандон хоҳад буд.

Боронҳои харобкор дар кишвар. Шарҳи ҳаводиси ду рӯзи охир

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 30-уми майи соли 2020 тахминан соати 19:30 дақиқа бар асари борони зиёд дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об дар километри 202 шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош сел омад ва роҳ муваққатан баста шуд. Паҳноии сел 35-40 метр ва баландии об тахминан 60-70 смро ташкил дод.

Ду садамаи мудҳиш дар як рӯз. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон: ҚОИДАҲОИ ҲАРАКТРО РИОЯ КУНЕД!

Баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби як сокини 51-солаи деҳаи Роҳрави ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ идора мешуд, дучори садама шуд.

Резаахбори ин соат: Чаро мо ҳамеша тифлонро беназорат мегузорем?

Дирўз ҳам дар ин бора хабаре доштем. Ноболиғон аз фориғболии волидон ва ё бетаваҷҷуҳии онҳо қурбонии офатҳо ва рўйдодҳои нохўш мешаванд. Дирўз аз ғарқи об шудани ду ноболиғ - яке дар ноҳияи Восеъ ва дуюм дар Рашт хабар дода будем. Ва имрўз ҳам якчунин ҳодисае дар рустои Аличури ноҳияи Мурғоб иттифоқ уфтодааст. Ва боз ҳам метавон инро бепарвоии волидон номид. Агар девори шояд аз боришҳо осебпазиршуда...

Страницы