Варақаи матбуотӣ

Ҳалокати се корманди IRS дар зери тарма

Хабаргузории давлатии “Ховар” истинодан ба дафтари матбуотии Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз”  аз ҳалокати чанд корманди зери тармамондаи ин ширкат хабар дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ нимаи дуюми рӯзи 18 феврали соли равон дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, ӽафт нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

Наҷоти 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда аз муҳосираи тарма дар се рӯзи охир

Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва бахусус дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаи бузургҳаҷм ба қайд гирифта шудааст.

Таваҷуҳ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст!

Резиши санг ва лағзиши тарма ҳаракати мошинҳоро дар баъзе қисматҳои кишвар қатъ кардааст.
Хатари лағзиши тарма бар асари боришҳои рӯзҳои охир боқӣ мондааст. Бахусус ин хатар дар роҳҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе–Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим бештар аз пештар эҳсос мешавад.

КҲФ қотеъона хоҳиш менамояд: эҳтиёткор бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати  шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар то 20 феврали соли 2017 дар қаламрави  мамлакат ҳаво номусоид  боқӣ монда, боришоти зиёд - дар водиҳо борони пуршиддат ва дарозмуддат, дар ноҳияҳои кўҳӣ барфи тар пешгўӣ карда мешавад.
Дар ин робита эҳтимолияти болоравии сатҳи оби дарёҳо,

Заминларза бо қувваи аз 3 то 2 балл ВМКБ ва шаҳри Душанберо ларзонд

Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд заминларзаи рӯзи гузашта хисорат ва талафоти ҷонӣ надошт.
Тибқи иттилои  Маркази  зилзиласанҷии кишвар  соати 12:50 дақиқаи рӯзи 15 – уми феврали соли  равон  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 352 километри ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ВМКБ воқеъ буд.
Бино ба хабари манбаъ қувваи заминларза дар маркази

Страницы