Варақаи матбуотӣ

Илоҷи воқеъа қабл аз вуқӯъ

Баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар фасли сармо дар вилояти Суғд як қатор корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Чунин як чорабинии мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷалби донишҷўёни Литсейи касбӣ-саноатии кишоварзии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Вазъи роҳҳо дар кишвар: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Бориши шадиди борону барф дар навоҳии кӯҳии кишвар ва ҳамзамон гармшавии ҳаво сабабгори лағзиши тарма ва резиши санг шуд. Вазъ дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Рашт - Лахш, Душанбе - Чаноқ, Шамсиддин Шоҳин - Ванҷ, Хоруғ – Ишкошим басо хатарнок шудааст.

Чунончӣ, шабонарӯзи гузашта аз километри 54 то 84 роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ ...

Ҷаласаи комиссияи интиқолӣ дар Хоруғ

Бар асоси Қарори Раиси Ҳукумати ВМКБ “Дар бораи тасдиқи нақшаҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, эътино, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020” ва Нақшаи кории Раёсати КҲФ дар вилоят дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи кории комиссияи интиқол гузаронида шуд.

Маълумотнома оид ба семинари омӯзишӣ

Аз 10 то 11-уми феврали соли равон дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ семинари омӯзишӣ бо дастгирии Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист баргузор гардид.

Дар семинар 13-нафар кормандони Раёсат, аксарияташон наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳан...

Суҳбати муфид дар атрофи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

30 январи соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндаи Кумитаи Марказии иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода бо ҳайати шахсӣ баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди суҳбат қарор гирифт. 

Страницы