Варақаи матбуотӣ

Ширкати кормандони Кумита дар омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳамагирии коронавирус

Шонздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳангоми ҳамагирии коронавирус ширкат карданд. Ин омӯзиш аз ҷониби мутахассисон Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ роҳандозӣ шуд.

Консулгарӣ ва муҳоҷират: Як идораи дипломатӣ чӣ хизмате ба муҳоҷирин дар аёми буҳрони короновирус тавонист анҷом диҳад? Бахши аввал

Сухан аз фаъолияти консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург меравад. Консули генералӣ дар ин минтақаи калони Россия  Зафар Сайидзода – олиму  донишманди шинохта, ки 17 феврали  соли равон ба ин вазифа таъйин шуд, зарфи ҳудудан се моҳе, ки оламиён бо КОВИД-19 дастбагиребонанд ва ин вируси кушанда саросари Россияро низ фаро гирифтааст, корҳои шоистаеро ба нафъи муҳоҷирини дар карантинмонда...

“Ҷумҳурият”: Намебинем ё дидан намехоҳем?

Ин мақола посух ба касе нест, балки рӯнависи басо мухтасарест аз корҳои анҷомшуда барои бартараф намудани паёмадҳои сели харобкор ва ярч дар чанд минтақаи ноҳияи Хуросон. Мухтасар аст, ҳарчанд мехостам муфассалтар аз ин бошад, чун зарфи ҳудудан як моҳ ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҳсонкорон барои сабук кардани дарду ранҷи мардуми осебдида корҳоеро ба субут расондаанд, ки арзиши

Тозаахбори ин соат. Таъсири сел ба маҷрои Сурхоб, ҳолати фавқулода дар Сичароғ бартараф мешавад

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи  Лахш рӯзи 12-уми июни соли 2020, соати 17:50 дақиқа дар  километри 250 шоҳроҳи Ваҳдатиргатол-Саритош,  ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел рехт ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нефт. Сабабҳои он тафтиш мешаванд

Рўзи гузашта, соати 11:47 дақиқа дар корхонаи коркарди нафт воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтори шадид рух дод. Бино ба гузориши Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои и фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 зарфи нигаҳдории гази моеъ оташ гирифт ва хисорати калоне ба ин корхона овард.

Страницы