Варақаи матбуотӣ

Поккории ҳудудан 2 ҳазор хонаҳои сокинон аз ҷониби Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

Дар як рӯз аз ҷониби кормандони Дастаи махсуси наҷоти  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бахши хуҷандии он беш аз 20 адад хонаҳои баландошёна поккорӣ мешаванд. То ба имрӯз зиёда аз 2000  ҳавлиҳои шаҳрвандон дар маҳаллаҳои Чорчароғ, Хуҷанд, Тути калон, Шарқ ва ғайра поккорӣ шуданд.

Кумакҳои навбатӣ ба сокинони осебдидаи Хуросон. Диду боздидҳои сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз макони офат

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии муқими кишвар – шарикон аз гурӯҳи РЕАКТ: Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар ҶТ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кумакҳои навбатиро расонданд.  Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода...

Сокинони аз сел осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти хатлон соҳиби заминҳои нав шуданд

67 хонаводаи аз селҳои ахир осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рӯзи 24-уми майи соли равон соҳиби замин шуданд. Қарор аст онҳо аз ин минтақи селзада ба маҳалли дигар, деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ кӯч банданд. Рӯзи иди Сайиди Фитр бо қуръапартоӣ ин 67 хонавода аввалин асноди занини навро ба даст оварданд. Қуръапартоӣ бо ширкати ҳама ниҳодҳои дахлдори ноҳия гузашт...

Поккориҳо дар саросари ҷумҳурӣ: Шаҳри Душанбе

Як тадбири муҳим ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус роҳандозии корҳои поккорӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, иншоотҳои идорӣ, даромадгоҳи манзили зисти сокинон, кӯчаву хиёбону гулгаштҳост. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷиддӣ донистани ин ҳамарӯза садҳо литр маҳлулҳои кимиёвии поксозандаро бо истифода аз таҷҳизоти дар ихтиёрдошта сарфи...

Поккориҳо дар саросари ҷумҳурӣ: СУҒД

Корҳои безарагардонӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд дар ҷараён аст. Гурӯҳи зудамал ба дастаҳо ҷудо шуда, дар​ биноҳои баладошёнаи истиқоматӣ корҳои поккорӣ мегуаронанд. Аз чумла: рӯзи 20 май дар маҳаллаи 12-ум 11 адад бинои 5,6,9 ошёна, ки ҳар кадом аз 1 то 19 даромадгоҳ доранд, (ҷамь 69 даромадгоҳ)...

Страницы