Варақаи матбуотӣ

Имдодгарон дари бастаеро боз карданд, ки фарзанди 8-солаи хонадон дар дохил монда буд

Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе дари оҳаниеро боз карданд, ки кӯдаки ҳаштсолаи ин хонадон дар дохил монда буд.  Даъвати кумак аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе расид. Гуфта мешуд, ки дар хонаи баландошёна воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев марди соҳибхона чун аз манзилаш берун шуд, ҳис кард, ки шамол ба шиддат дарро пӯшид ва он ба таври автоматӣ баста шуд. Соҳиби хона, ки нияти дур рафтан надошт, бо худ калид нагирифта буд.

Тадорукоти ҷашнии КҲФ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он чорабиниҳои идона бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир шуданд, ки дар он роҳбарон, ҳайати шахсӣ, сафирон ва сарварони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.

Наҷотдиҳандагони ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдод шуданд

Воҳидҳои наҷотдиҳӣ дар ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдодӣ шуданд. Ин идомаи риштакумакҳои Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Дастаҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд. Сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ, ки дар расми таҳвили таҷҳизот ҳузур дошт, гуфт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

Обу ҳавои рӯзи сешанбе, 12-уми ноябр

Гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар боз ҳам ҳикоят аз он мекунад, ки ҳаво рӯзи сешанбе, 12 ноябр дар саросари кишвар бебориш аст. Аммо ин бор ҳавои тағйирёбанда эълон шудааст. Яъне, дар сардиву гармӣ минтақаҳо назар ба ду рӯзи охир каме фарқ мекунанд. Аммо ин фарқи чандон назаррас нест. Ба сурати умум моро рӯзи сешанбе ҳавои бебориш интизор аст ва суръати вазиши бод ҳам мисли ҳамарӯза: аз 3 то 8 метр дар як сония аст.

Сарварони идораҳои давлатҳои узви СҲШ ба таҳкими ҳамкориҳо таъкид карданд

Сарварони идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти Деҳлӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мувофиқат карданд. Дар ин ҷаласа, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор  шуд, натиҷаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид, ҳамчунин тарҳи нави ин ҳамкориҳо тасдиқ шуд.

Страницы