Мулоқоти Раиси КҲФ бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ҳайати Бонки Осиёии Рушдро таҳти роҳбарии Директори шуъбаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР Хонум Ясмин Сиддиқӣ ба ҳузур пазируфт.

Боздиди ноиби Президенти БОР аз КҲФ

8 июни соли 2022 Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҷаноби Шиксин Чен аз Хадамоти зидди жола Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ш. шахри Хисор дидан намуд.

Зимни боздид ӯ бо кори дастгоҳи нави радарии DMRL - ​​C - 5 ва корҳое, ки дар доираи лоиҳаи муштараки Бонки Осиёии Рушд ва КҲФ амалӣ мегарданд, шинос шуд.

Имдодгарон ҷасади духтари 18-20-соларо аз рӯди Душанбе берун оварданд. Паёмади харобии сел дар роҳи Айнӣ-Панҷекат бартараф шуд

Рӯзи 8-уми июни соли 2022 тахминан соати 16:10 дақиқа навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи об намудор шудани як ҷасад дар соҳили рӯди Душанбе хабар дод.

Бино ба хабар ин ҷасад дар мавзеъи Муасисаи давлатии “Наврузгоҳ” намудор шудааст.

Наваскарон дар қисми ҳарбии Кумита дар вилояти Хатлон низ савганд ёд карданд

Рӯзи  7 июни соли 2022 дар қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд.

Дар ин маросим муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳотамшо Латифзода...

Садамаи маргбори қатори мусофирбарии Машҳад-Язд 17 кушта ба ҷо гузошт

Садамаи маргбор

Як қатори мусофирбар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз Машҳад ба самти Язд дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама шуд. Мақомот аз ҳалокати 17 нафар ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мусофирон хабар доданд. Ин ҳодиса соати 5:30 ба вақти маҳаллӣ дар панҷоҳкилометрии Табас рух додааст.

Алиакбар Раҳимиён-ҳокими Табас дар гуфтугӯ бо

Страницы