КҲФ: Аз аввали сол то имрӯз дар обҳои кишвар 56 нафар ғарқ шуданд. ХЕЛЕ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!
Чоп шуд: 14/06/2022 | admin
Оғози гармиҳо ҳамеша ташвишу изтиробҳое доранд, бахусус агар одамон мехоҳанд истироҳати худро дар назди махзанҳои об гузаронанд. Табиист, ки истироҳат дар ин гуна мавзеъҳо наметавонад бе оббозӣ гузарад. Хушо ба ҳоли касоне, ки ҳам шиноварӣ медонанд ва ҳам қоидаҳои бехатариву амниятиро ҷиддан риоя мекунанд. Вале дар миён касоне низ ҳастанд, ки бори аввал шояд вориди об мешаванд ва талош мекунанд кӯр-кӯрона