Ҷасади фавтидагон аз Сovid - 19 то куҷо ба атрофиён хавф дорад? Андешаҳои табиб

Дар либос ва пӯсти бадани фавтидагон ва даҳону роҳҳои нафаси онҳо, ҳатто рудаи онҳо вируси SARS-Cov-2 то 72 соат зинда боқӣ мемонад ва табиист, ки манбаи сирояти атрофиён шуда метавонад. Бо зардоб ё наҷосати аз ҷасад берун шаванда низ вирусҳо хориҷ шуда метавонанд. Лекин дар муқоиса бо беморони зинда хавфи ҷасад ба маротиб камтар аст, чун он дигар на атса мезанаду на сулфа мекунад ва ҳатто нафас намебарорад, ки вирусро ба атроф паҳн кунад. Ҳангоми даст расонидан, бӯса кардани ҷасад ё ғуслу кафан кардан, табиист, ки эҳтимоли олуда шудани дасту рӯй ё либоси атрофиён бо вирус ва баъдан тариқи роҳҳои нафас ва даҳон сироят шудани онҳо мавҷуд аст.

Пас, чораҳои бехатарӣ низ ба пешгирии ҳамин роҳҳои сироят бояд равона шаванд, на кам ва на беш аз он.

Онҳое, ки ҷасадро ғусл медиҳанд, бояд хилъати обногузар ё пешдомани обногузар (селофанӣ) ба бар кунанд, дастпӯшҳои резинӣ ё полиэтиленӣ бипушанд, ниқоб ба даҳону бинӣ бигиранд ва агар хавфи пошхӯрии об ҳангоми шустан мавҷуд бошад, ба чашмон айнаки муҳофизатӣ ё сипари шаффофи рӯй бояд истифода баранд. Дар акси ҳол истифодаи пешдоман, дастпӯшак ва ниқоб кифоя аст.

Барои шустани ҷасад бояд аз оби хлордор истифода бурда шавад (маҳлулии 0,05% хлор). Талаботи интиқоли ҷасад бо нақлиёти махсус асосе надорад ва дар сурати фавт дар хона амалан иҷро ношуданист. Ҳамчунин талаботи дидани руйи майит аз паси тиреза ё пардаи полиэтиленӣ низ асосе надорад. Наздик шудан ба ҷасад ягон хавфе надорад, агар кас ба ҷасад даст нарасонад. Ва теъдоди видоъкунандагон низ ҳарчи камтар бошад, эҳтимоли вайрон шудани қоидаҳои бехатарӣ камтар аст, вале муҳимтар аз ҳамаи ин видоъкунандагон бояд ниқоб ба даҳону бинӣ баста ва аз ҳам фосилаи 1,5-2 метриро риоя бикунанд, на ин ки аз ҷасад ду метр дуртар истанд. Ҷасад дигар бо нафас вирус хориҷ намекунад, вале видоъкунандагон эҳтимолан ҳамдигарро сироят карда метавонанд.

Ҳангоми интиқоли ҷасад ва ба қабр гузоштан бастани ниқоб ва пӯшидани дастпӯшак кифоя аст, чуноне ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ чунин тавсия додааст. Теъдоди ҷанозахонҳо низ ҳарчи камтар бошад, эҳтимоли вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ камтар аст.

Иштирокдорон бояд ҳама бо ниқоб (докагӣ, латтагӣ ё якмаротибагӣ) бошанд ва фосилаи байни ҳам 1-1,5 метриро риоя кунанд.  

Дар мавсими ин вабо аз лаҳад даст кашидан ва гурро рост кофта болояшро бо чубу хок пӯшидан авлотар аст.

Иштироки ноболиғон, пиронсолон, гирифторон дар ҷанозаву ба қабргузорӣ барои онҳо хавфноктар аст, бинобарин худдорӣ кунанд, афзалтар аст. Вале фурсати кам, бо риояи фосилаи байни ҳам 1,5-2 метрӣ ба назди ҷасад бо навбат омада видоъ карданашон бо ниқобча ишколе надорад.

Ин буд қоидаҳои мухтасари муносибат бо аҷсоди фавтидагони кувидбеморӣ аз дидгоҳи илми тиб ва дар партави дастуроти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.   

Ашё ва либосҳои фавтидаро бо дастпӯшак ҷамъ намуда, дар мошини ҷомашӯӣ бо истифодаи хокаи синтетикӣ ва ҳарорати аз 60 дараҷа боло шустан зарур аст.

Агар дастӣ шустанӣ бошед, аввал ним соат ба маҳлули 0,05% хлор нам карда, баъдан шустан мумкин аст.

 

Пизишк  Мирзои Ҳоҷимуҳаммад