Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 июни соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1995 Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунӣ» ва соли 2003 Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Фармондеҳи ситодӣ-фаврӣ тактикӣ» хатм кардааст.

Аз соли 1995 то имрӯз дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ҳисобчӣ, муаллим,  муаллими калони Курсҳои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ,  муовини сардори Маркази таълимӣ-методӣ, афсари шӯъбаи банақшагирӣ, сардори шӯъбаи тайёрӣ ва омӯзиши аҳолии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тайёрӣ, омӯзиши аҳолӣ ва баҳисобгирии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе адои хизмат намудааст.

4-уми майи соли 2015 ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.