Маҳмадзода Ҷамшед Бобохон

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1 августи соли 1972 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм ва то соли 1999 дар Кумитаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хизмат намудааст.

 Дар солҳои 1999 - 2007 дар вазифаҳои сардори пулиси андози ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе, муовини сардори Раёсат, сардори шуъбаи Сарраёсати ҷиноятҳои андоз, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи пулиси андози ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва аз соли 2007 то соли 2012 дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат кардааст.

Соли 2012 сардори Раёсати корҳои Дастгоҳ ва чопхонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз 4-уми майи соли 2015 то ҳол вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд.