Латифзода Ҳотамшо Латиф

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Латифзода Ҳ.Л.

Полковник Латифзода Ҳотамшо Латиф  23 январи соли 1969 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Аз соли 1987 то 1988 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар ҳудуди Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хизмат намудааст. Соли 1993 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо  ихтисоси “муаллими таълими ибтидои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ” ва соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси “мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин” хатм кардааст.

Аз соли 1993  то соли 1999 дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 28-и ноҳияи Восеъ фаъолият намудааст.

Солҳои 2000 – 2007  дар вазифаи  директори ҶДММ “ХШИН”-и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, аз соли 2007 то 2010 сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, аз соли 2010 то 2015 сардори Ситоди Кумита дар вилояти Хатлон, аз соли 2017 то 29 декабри соли 2020 –сардори Раёсати сохтмон, истифодабарии бино ва иншоотҳои Кумита ва аз 29 декабри соли 2020 то 10 марти соли 2021 –сардори Раёсати масъалаҳои кули Сарез фаъолият намудааст.

Барои хизматҳои шоистааш бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

10-уми марти соли 2021 ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.