Activities calendar

26 ноября 2019

Зилзила дар Албания 2 кушта ва бештар аз 200 маҷрӯҳ ба ҷо гузошт

Бар асари такони шадиди замин дар Албания садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. То ин лаҳзаҳо аз ҳалокати 2 нафар хабар дода шудааст. Қувваи ин заминларза дар маркази он каме дуртар аз пойтахти кишвар 6,4 балл гузориш шудааст. Хадамоти геологии ИМА хабар додааст, ки ин заминларза наздикии бомдоди имрӯз, соати 03:54 дақиқа рух дода буд.
Ҳудуди 700 километр аз пойтахти Албания, ҳатто дар Италия

Ҳавои камбориши рӯзи чоршанбе, 27-уми ноябр

Чаро камбориш? Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба ҷуз чанд минтақа дар ноҳияҳои тобеъи марказ ва ВМКБ дигар дар кулли қаламрави кишвар ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво аз рӯзҳои пешин гармтар ҳам шуда бошад, вале ин тағйирот чандон назаррас нест. Ба сурати умум борону барфи рӯзҳои пеш барои рӯзҳои оянда дар назар дошта нашудааст.